Маркази миллии тестӣ: Маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохтшуда ба бархе нафарон баргардонида мешавад

Май 7, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохтшударо ба шахсони зерин  дар чунин ҳолатҳо: соҳиби расиди бонкӣ, ки аз номнависӣ барои иштирок дар ИМД даст кашидааст, довталабе, ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидааст, бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонад, хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ  бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонад, бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш дар имтиҳонҳо иштирок намекунад, тибқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи аз пардохти тамоми маблағи хизматрасонӣ ё қисме аз он озод буданро дорад, вале ин маблағро қисман, пурра ё барзиёд пардохтааст,  маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтаасту аммо дар ин марҳала худро сабти ном накардааст ва аз миқдори маблағи муқарраршуда барзиёд пардохт кардааст, баргардонида мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2021 рӯзи 30 апрел ба анҷом расид. Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохтшуда ба ҳамин шахсон  баргардонида мешавад.

Вобаста аз ҳар ҳолати муайян Марказ шакли аризаро дар бораи баргардонидани маблағҳои пардохтшуда барои хизматрасонӣ дар ИМД муқаррар карда, нусхаи электронии ҳар яке аз онҳоро дар сомонаи Марказ ҷой додааст. Аз ҷумла, соҳибони расиди бонкӣ (шахсони маблағро пардохткарда, ки аз қайд нагузаштаанд) шакли  АБМ-1-ро, довталабоне (шахсони маблағро пардохткарда ва азқайдгузашта), ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст мекашанд ё бо сабабҳои узрнок дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонанд, шакли АБМ-2-ро, довталабони аз пардохти маблағ ё қисме аз он озод, ки ҳамаи маблағро пардохта, аз қайд гузаштаанд, шакли АБМ-3-ро, довталабоне, ки маблағи азнавбақайдгириро пардохта, худро аз нав номнавис накардаанд, шакли АБМ-4-ро ва довталабоне, ки маблағи барои хизматрасонӣ муқарраршударо барзиёд пардохтаанд, шакли АБМ-5-ро бояд пур намоянд.

Дар ариза оид ба баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда бояд маълумоти шахсии аризадиҳанда ва сабаб барои баргардонидани маблағ, имзои аризадиҳанда ва таърихи пешниҳоди ариза қайд гардида, ба он ҳуҷҷатҳои дахлдор замима карда шаванд. Дар зарурат чунин аризаро метавонад хешованди наздики соҳиби расиди бонкӣ ё довталаб пешниҳод намояд.

Бояд гуфт, ки аз 16 май равандҳои дигари банақшагирифтаи омодагӣ ба имтиҳонҳо аз ҷумла чоп ва ирсоли даъватномаҳо, нашри маводи имтиҳонӣ, ҷалби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои бехатарӣ бо дарназардошти шумораи довталабони азқайдгузашта оғоз мегардад ва ин имкон намедиҳад, ки минбаъд маблағҳои пардохтшуда барои довталабоне, ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан мехоҳанд, ба ғайр аз ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобастагӣ надоранд, баргардонида шаванд.

Агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан хоҳад ё барои иштирок дар имтиҳонҳо имконият надошта бошад ва ба Марказ барои бозпас гирифтани маблағи пардохткардааш аз муҳлати муқарраргардида дер муроҷиат намояд, маблағи пардохтшуда, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошти аз довталаб новобаста ва дар асоси ҳуҷҷатҳои асосноккунанда баргардонида намешавад.

 

АКС аз манбаи боз

Май 7, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии фалак баргузор гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Ҷаласаи калидӣ дар «Душанбе-Инвест-2025»
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Шоми имрӯз дар Боғи Куруши Кабир барномаи рангини фарҳангӣ доир мешавад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Москва ҳамоиш оид ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Душанбе Симпозиуми панҷуми байналмилалии фалак баргузор мегардад
Вобаста ба криосфера, иқлим ва захираҳои об конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегарданд
Сокинони ноҳияи Ховалинг соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд
Дар Ховалинг бошишгоҳи нави палеолитӣ бо таърихи 500 ҳазор сол кашф гардид
Дар Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» беш аз 30 филм намоиш дода мешавад
Операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери дар Хуҷанд сурудҳоро бо забони тоҷикӣ иҷро намуданд