Масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд

Май 5, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 май дар Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдураҳмон Ал-Рассӣ  баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ба ҷониби саудӣ шарҳи муфассали ҳодисаҳои ахир дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ироа гардид ва дар ин замина нақши созандаи роҳбарияти Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва ҳалли буҳрон таъкид шуд.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишварро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 5, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна