Нашриёти «Орван» китоби «Нахли меҳр»-и Гурез Сафарро бо ҳуруфи ниёгон нашр намуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Нахли меҳр»- чунин ном гирифтааст китоби тозанашри шоири тоҷик Гурез Сафар, ки дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон рӯи чоп омад.
Китоби «Нахли меҳр», ки дар он шеърҳои сафед, ғазал ва рубоиёти шоир ҷой дода шудаанд, аз ҷониби Мубашшири Акбарзод аз хатти кириллӣ ба форсӣ баргардонида ва баъзе вожаҳои тоҷикӣ тавзеҳ дода шудаанд.
Бо чопи китоби «Нахли меҳр»-и шоир хонандагони форсизабон имкон доранд онро мутолиа намуда, бо ҳунари шеърнависӣ ва фазои шеъри Тоҷикистон, ки Гурез Сафар як тан аз намояндагони он мебошад, шинос шаванд. Дар сатр-сатри ин шеърҳо шоир дуои рушду ободии Ватанро ба лаб дорад. Шоир дар лобалои чакомаҳояш аз бузургони адабиёти тоҷик, назири Устод Рӯдакӣ, Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, падараш Ашӯр Сафар — Шоири халқии Тоҷикистон ва амакаш Ниёз Сафар — собиқадори арсаи маориф, модари меҳмоннавозаш, ҳамсари вафодораш, аз дӯстони хонаводагиаш — Одина Ҳошим, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Ғаффор Мирзо, Бозор Собир, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Мирзо Файзалӣ, табибон — Соҳиб Боқӣ, Юсуф Ҳасанов, Соҳибназари Раҳмон ёдоварӣ намуда, шукри он кардааст, ки ӯ идомаи онҳост.
Шоир, ки дар хонадони марди суханпарвар ба камол расидааст, танҳо аз дороиаш — шеър ифтихор дорад. Китоби «Нахли меҳр» зодаи эҳсос ва андешаҳои шоир аст, ки бо меҳру муҳаббат нигошта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






