ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳаво то 31+36 дараҷа гарм мешавад

Май 17, 2021 08:08

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва  рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона  8+13 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти ғарб суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13+18  ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, бордани жола пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб суръати 3-8  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва рӯзона  22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  12+14 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

Май 17, 2021 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад