Қосим-Жомарт Токаев ва котиби матбуоти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари худро аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон баён доштанд
ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қосим-Жомарт Токаев ва котиби матбуоти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари худро аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон баён доштанд.
«Дар ҷараёни гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо ба мувофиқа расидем, ки роҳро дар самти таҳкими шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон идома бидиҳем». Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар сафҳаи Twitter-и худ хабар додааст.
Котиби матбуоти Сарвари давлати Қазоқистон Берик Уалӣ навори видеоиеро оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намуд.
«Сафари дурӯзаи расмии Сарвари давлат ба Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт. Ҷониби Тоҷикистон ҳайати Қазоқистонро бо эҳтироми бузург пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Токаевро дар фурудгоҳи Душанбе шахсан пешвоз гирифта, гусел намуданд», — навиштааст Берик Уалӣ.
АКСҲО аз АИБ «Казинформ»









Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






