РИСОЛАТИ ЗИЁИИ АСИЛ АЗ ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Андешаҳои Раиси шаҳри Панҷакент дар партави 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ

Май 30, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 30.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арҷгузорӣ ба хизматҳои Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ возеҳ эҳсос мешавад.

Ин нуктаро Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ ХОЛИҚЗОДА дар матлабе, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардид, зикр намудааст. Андешаҳои муаллиф дар идома манзури хонандагон мегарданд.

Сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки ба масъалаҳои бузургдошти шахсиятҳои адабиву фарҳангӣ ва намояндагони илму маърифат, дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод, рушд бахшидани адабиёти миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуда, он ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ пазируфта шавад.

Дар ин замина, соли таърихии омодагиҳо ба ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардидани бузургдошти 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бори дигар нишон дод, ки корномаи бузурги чеҳраҳои адабиву илмӣ, фарҳангиву ҷамъиятӣ мавриди қадршиносии пайвастаи давлату Ҳукумат қарор дорад.

Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ аз бузургтарин суханварони муосири тоҷик маҳсуб мешавад, ки бо эҷоди осори гаронбаҳои худ барои ташаккули завқи зебоишиносии мардум, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром ба суннату арзишҳои миллӣ тарбият ёфтани аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон нақши равшан гузоштааст. Ба ин ҷанбаи эҷодиёти шоир ишора намуда, ҳанӯз 20 марти соли 2001 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти худ бо зиёиёни кишвар, аз ҷумла таъкид карда буданд: «Дар ин миён лозим медонам, хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рӯҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хосса ёдовар шавам». Дар ин ишораи кӯтоҳ, вале ниҳоят пурбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлӯҳои хоси эҷодиёти Лоиқ Шералӣ, аз ҷумла, талқини шуҷоати адабӣ, рӯҳи миллӣ, ватандорӣ, ситоиши модар, забони модарӣ ва таҷдиди суннатҳои шеъри оламгир ишора гардидааст, ки бесабаб нест. Дар байни шоирони муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ бо баҳрабардорӣ аз фарҳанги куҳанбунёди тоҷикӣ мавзуъҳоеро матраҳ намудааст, ки мутолиаи он дар тақвият пазируфтани эҳсоси гарми худшиносию худогоҳии мардум, ифтихор аз гузаштагон, дӯст доштани ватану миллат ва маърифати ҳувияти миллӣ дар миёни ҳаммеҳанон созгор омад. Яке аз ин гуна ибтикороти Лоиқ Шералӣ дар гиромидошти забони модарӣ ҳамчун неъмати бебаҳои зиндагӣ ва азму талош барои эҳёву ҷовидонии ин рукни муҳими давлатдориамон зоҳир гардидааст. Чунонки Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, забони тоҷикӣ забонест, ки бо он садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон, аз Рӯдакиву Фирдавсӣ сар карда, то Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Дар ин замина, Лоиқ Шералӣ дар силки нахустин суханвароне қарор дошт, ки чун вориси ҳақиқии гузаштагони пурифтихор ва забони пурғановати тоҷикӣ барои мақоми давлатӣ гирифтани ин мероси бузурги маънавиамон талошҳои бесобиқа ва мондагор анҷом дод. Гузашта аз ин, дар шеъри Лоиқ масоили ситоиши миллату халқи соҳибфарҳанги тоҷик, ки бо таъбири Пешвои миллат «илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда» ба шумор рафта, дар поягузории илму маърифат ва ғановати фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, ифтихоромез садо дода, дар бедории миллии тоҷикон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон мусоидат намудааст.

Устод Лоиқ ҳамчун фарзанди вафодори ин миллати сарбаланд пас аз хомӯш гардидани ҷангҳои бемаънии гурӯҳҳои ҷудоихоҳ яке аз аввалинҳо шуда, ба саодат ва пирӯзӣ расидани миллатро бо таъбири «сулҳи деринтизори мо омад» барои кулли мардуми Тоҷикистон муборакбод гуфт. Аз ин рӯ, хизматҳои ин шоири меҳанпараст, ки бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ барои ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарғиби дастовардҳои истиқлол, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва тавсеаву густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа саъю талош меварзид, дар мадди назари ҳамешагии сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи шоир, ки соли 2018 дар шаҳри Панҷакент бо ширкати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, Сарвари давлатамон устод Лоиқро бо ибораи «адиби барои ҳамаамон маҳбуб» мухотаб қарор доданд, ки арҷгузорӣ ва подоши хизматҳои ин шоири мардумӣ дар густариши тафаккури солим, муаррифии миллат ва фарҳанги оламшумул дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин дар ҳамин сафар маҳз бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Панҷакент кохи бузурги фарҳанг ифтитоҳ ва ба номи ин шоири соҳибназар гузошта шуд, ки баёнгари мақоми ин суханвари бузург дар таҳкими ваҳдат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар замони истиқлол ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо ин кохи муҳташам бо номи «Кохи Лоиқ» маъруф буда, мардуми Панҷакенти бостонӣ дар ин макони маърифат бо наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллиро фаъолона тарғиб намоянд.

Сокинони шаҳри Панҷакент, бахусус мардуми Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ, ки ин шоири бузурги миллӣ дар он ҷо ба дунё омада, сипас ба абадият пар кушодааст, боз ҳам аз он ифтихорманд мебошанд, ки номгузории деҳоти мазкур маҳз дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қардшиносии мероси гаронбаҳои тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ, суннатҳои мардумӣ, аҳли эҷод ва дар маҷмӯъ зиёиёни кишвар мебошад.

Сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арҷгузорӣ ба хизматҳои Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ, инчунин дар номгузорӣ намудани Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоятамон – шаҳри Хуҷанди бостонӣ низ равшан эҳсос мекунем, ки ин бинои хуштарҳи замонавӣ аз муҳимтарин марказҳои баргузор намудани чорабиниҳои мухталифи фарҳангию адабӣ ва маърифатӣ маҳсуб мегардад.

Идомаи суннатҳои фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар муаррифии мероси маънавии миллатамон дар арафаи бузургдошти 80-солагии шоир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба нашр расидани китоби маҷмӯаи ғазалиёт, рубоӣ ва дубайтиҳои шоир бо номи «Ҳамболи офтоб» мебошад, ки барои алоқамандони каломи оламгири шоир туҳфаи арзишманд мебошад. Дар ин китоб беҳтарин офаридаҳои завқу табъи шоир гирд оварда шудаанд, ки дар қолаби шаклҳои суннатии шеър эҷод гардида, аз оҳангҳои ватанпарастона, дӯст доштани ҳаёт ва зебоиҳои он, меҳру муҳаббат ва ғайра саршор мебошанд.

Имрӯз суннатҳои мактаби адабии устод Лоиқ дар тарбияи насли ҷавон ва муаррифии таъриху фарҳанги миллат аз ҷониби шогирдону пайравони ин мактаб ба таври шоиста идома ёфта, насли ояндасозро ба ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарғиби дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тавсеаву густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ раҳнамун месозад. Чунонки Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо аҳли зиё таъкид намудаанд, «таъмин намудани пешрафт ва тавсеаи доираи истифодаи забон, тараққиёти минбаъдаи илм, маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳои зиндагии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба дӯши аҳли зиё ҳамчун нерӯи пешсафу пешбаранда» вогузор гардидааст. Аз ин дидгоҳ, ашъори баландмазмуни Лоиқ Шералӣ намунаи олии инъикоси муборизаю талошҳои халқи тоҷик барои ба даст овардани озодию истиқлол дар марҳалаи муайяни таърих ва бунёди давлати мустақили миллӣ буда, шоир дар ин росто рисолати хешро ҳамчун зиёӣ дар назди ҷомеа бо сарбаландӣ адо намудааст.

ДАР АКС: 28 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Панҷакент муҷассамаи Лоиқ Шералиро ифтитоҳ намуданд. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 30, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид
Бинои нави Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд
Дар Душанбе доир ба мусиқии Шашмақом барномаи фарҳангӣ доир шуд
Мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ боло меравад
ПАЁМИ МИЛЛАТИ ПОКСИРИШТ! Бардошти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ
Дар Академияи миллии илмҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ миллати қадимӣ, фарҳангӣ ва тамаддунофар будани тоҷиконро исбот намуд
Президенти Тоҷикистон: «Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад»
Дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бояд як мактаби мусиқӣ бунёд карда шавад
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид