СААД аз хуруҷи неруҳои ИМА аз Афғонистон нигарон аст — дар ин бора дабири кулли созмон дар Душанбе изҳор кард

Май 20, 2021 12:08

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) аз хуруҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон нигарон аст. Тавре дабири кулли СААД дирӯз дар Душанбе, ки дар он ҷо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони СААД ширкат дошт, зикр кард, вазъи кунунӣ ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар Афғонистон таъсир хоҳад гузошт.

«Оғози хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва қитъаҳои низомии НАТО аз онҷо, мутаассифона, ба ҳаллу фасли сулҳомези низои дохилиафғонӣ умедвор намекунад», — гуфт Зас пас аз мулоқот.

Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО моҳи октябри соли 2001 неруҳои худро ба Афғонистон ворид карданд.

Ҳамлаи террористӣ ба бурҷҳои дугоник дар Ню — Йорк, ки қариб 3 ҳазор нафар кушта шуданд, сабаби ин амалиёти низомӣ гардид.

Ҳадафи асосии маъракаи афғонии ИМА сарнагун кардани режими «Толибон», маҳв сохтани раҳбари ташкилоти террористии «Ал-Қоида» (мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон, Россия ва як қатор кишварҳои дигар) Усома бин Лодин ва озод кардани ҷумҳурӣ аз террористон буд.

Ҷанги Афғонистон ба Иёлоти Муттаҳида хеле гарон афтод. Зиёда аз 2 ҳазор сарбози амрикоӣ қурбон ва беш аз 20 ҳазор низомиён маҷрӯҳ шуданд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин маърака тақрибан 777 млрд доллар сарф шудааст, аммо таҳлилгарон дар бораи масрафи 2 триллион доллар мегӯянд.

Аз 1 май Иёлоти Муттаҳида хуруҷи фаъоли неруҳояшро аз Афғонистон оғоз кард. Аз ибтидо, ин раванд бояд то 11 сентябр ба анҷом мерасид. Аммо, бинобар хашми намояндагони ҷунбиши радикалии «Толибон», сарбозон метавонанд то нимаи моҳи июл ҷумҳуриро тарк кунанд.

АКС аз бойгонӣ

Май 20, 2021 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид