Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Тошканд бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд

Май 14, 2021 20:54

ДУШАНБЕ, 14.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 14 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба рушд бахшидани муносибатҳои дуҷониба фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Нимаи дуюми рӯз Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва иншооти энергетикии шаҳри Тошканд шинос шуда, оид ба таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии муштарак дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Май 14, 2021 20:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд