Сироҷиддин Муҳриддин: Раёсати Тоҷикистон дар СААД ба рушди минбаъдаи системаи амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақавӣ равона шудааст

Май 19, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Раёсати Тоҷикистон дар СААД, пеш аз ҳама, ба рушди минбаъдаи системаи амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақавӣ равона шудааст», — изҳор дошт Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз дар нишасти хабарӣ пас аз ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Душанбе.

Ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, қабл аз ҷаласа вазирони корҳои хориҷии СААД-ро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.

«Мехостам ба шумо иттилоъ диҳам, ки дар ҷараёни мулоқоти дастаҷамъона Сарвари давлати мо, бо назардошти солгарди ҷашнии СААД — 30-солагии имзои Созишномаи дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии худи Созмон, ба Дабири кулл дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узв ҳисоботи маҷмӯӣ дар бораи фаъолияти СААД дар давраи сипаришуда таҳия карда шавад.

Тавре Президенти Тоҷикистон пешниҳод карданд, мо кӯшиш хоҳем кард, ки ин санади фарогир дар соли ҷашнии 2022 ҳангоми нишасти навбатии СААД тасдиқ карда шавад»,-изҳор дошт  Сироҷиддин Муҳриддин.

-Дар ҷаласа мо ва ҳамтоёнамон ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва иҷрои самтҳои афзалиятноки пешниҳодкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус додем.

Тавре ин субҳ дар сухани ифтитоҳии худ зикр кардам, ин нақшаро 18 феврали соли равон Раиси ШАД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ карда буданд,- афзуд Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Нақшаи мазкур як навъ харитаи роҳ мебошад, ки тамоми чорабиниҳои муҳимтаринро дар доираи СААД дар соли равон фаро мегирад.

Сироҷиддин Муҳриддин инчунин зикр кард, ки имрӯз вазирон тибқи рӯзномаи ҷаласа вазъ ва дурнамои рушди вазъияти байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти кишварҳои узви СААД баррасӣ карданд.

«Мо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ, инчунин ҳамкорӣ бо давлатҳо ва ташкилоти байналмилалӣ якчанд  изҳорот қабул кардем», — таъкид кард Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Май 19, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд