Сироҷиддин Муҳриддин ва Владимир Макей дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларусро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макей баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазоарти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларусро муҳокима карда, роҷеъ ба масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ ба ҳамкории кишварҳо дар самти тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамзамон вазирон пӯёии мусбати гардиши тиҷорати байни ду кишварро зикр намуда, натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро, ки 5-7 апрели соли 2021 дар Душанбе баргузор шуда буд, баррасӣ карданд.
Бо дарназардошти бузургдошти 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Беларус дар соли 2021 вазирон ба мувофиқа расиданд, ки ба рӯйдоди мазкур омодагӣ бинанд ва онро бо чорабиниҳои зиёд ғанӣ кунанд.
Дар фарҷоми музокирот Нақшаи машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ










Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






