Ташаббуси минтақавии Германия-«Осиёи Марказии сабз» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 май вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири давлатии Вазорати федералии корҳои хориҷии Германия Нилс Аннен дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла нақшаи муштараки амали ташаббуси минтақавии Германия- «Осиёи Марказии сабз» ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии худро барои тавсеа ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ иброз намуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад






