ТАСС: Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабарро дар бораи забти посбонгоҳ дар марз бо Қирғизистон рад карданд

Май 1, 2021 07:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дар бораи забти посбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло»-ро аз ҷониби гурӯҳи низомиёни Қирғизистон ғайри қобили эътимод хонд ва шаҳрвандонро даъват кард, ки ба иғвоҳо дода нашаванд. Дар ин бора рӯзи ҷумъа маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба АМИТ «Ховар».

Дар матни ҳуҷҷат, ки онро Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» иқтибос меорад, гуфта мешавад, ки «хабар дар бораи забти посбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи таъйиноти махсуси «Бору»-и хадамоти марзбонии Қирғизистон боз як маълумоти бардурӯғ (фейк) аст, ки хусусияти  иғвоангезона дорад».

Қаблан дар Қирғизистон иттилоъ паҳн шуд, ки 29 апрел дар ҷараёни низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон таъйиноти махсуси хадамоти марзбонии Қирғизистон посбонгоҳи марзиро дар қаламрави Тоҷикистон забт кардааст. Инчунин гуфта мешуд, ки забти он дар посух ба амали низомиёни тоҷик сурат гирифтааст.

Май 1, 2021 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»