ТАСС: Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабарро дар бораи забти посбонгоҳ дар марз бо Қирғизистон рад карданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дар бораи забти посбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло»-ро аз ҷониби гурӯҳи низомиёни Қирғизистон ғайри қобили эътимод хонд ва шаҳрвандонро даъват кард, ки ба иғвоҳо дода нашаванд. Дар ин бора рӯзи ҷумъа маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба АМИТ «Ховар».
Дар матни ҳуҷҷат, ки онро Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» иқтибос меорад, гуфта мешавад, ки «хабар дар бораи забти посбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи таъйиноти махсуси «Бору»-и хадамоти марзбонии Қирғизистон боз як маълумоти бардурӯғ (фейк) аст, ки хусусияти иғвоангезона дорад».
Қаблан дар Қирғизистон иттилоъ паҳн шуд, ки 29 апрел дар ҷараёни низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон таъйиноти махсуси хадамоти марзбонии Қирғизистон посбонгоҳи марзиро дар қаламрави Тоҷикистон забт кардааст. Инчунин гуфта мешуд, ки забти он дар посух ба амали низомиёни тоҷик сурат гирифтааст.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






