Театри давлатии драмаи русии ба номи В.Маяковский намоиши «Ҷанг симои занона надорад»-ро ба тамошобинон манзур мекунад

Май 6, 2021 13:43

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намоиши «Ҷанг симои занона надорад», ки аз рӯи романи ҳамноми нависандаи Беларус Светлана Алексиевич таҳия шудааст, 6-7 май аз ҷониби Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский ба тамошобинон пешкаш карда мешавад. 

Тавре аз театр хабар доданд, он ба муносибати таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон намоиш дода мешавад.

Намоишро коргардон ва ҳунарпешаи ботаҷриба, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мунира Дадаева ба саҳна гузоштааст. Дар он нақшҳои асосиро  ҳунармандони театр бозӣ мекунанд.

Ин намоиш дар бораи занҳое, ки ҳамаи даҳшатҳои ҷангро паси сар кардаанд, хотираҳои занҳои тӯпзан, снайперҳо, минаҷӯҳо, халабонҳо, ҷомашӯён, нонпазҳо, ҳамшираҳои шафқат ва партизанҳо қисса мекунад.

Замони мудҳиши ҷанг ҳатто занҳоро ҳам ба ҳолашон нагузошт. Аз замонҳои қадим мегуфтанд, ки кори ҳарбӣ касби мардона аст. Аммо, зиндагӣ комилан ба таври дигар мешавад. Мардум ба он одат кардаанд, ки занон метавонанд ба сарбозон кумак кунанд, масалан: хӯрок омода кунанд, беморону захмиёнро нигоҳубин ва табобат намоянд. Аммо на ҳама чиз ин қадар сода буд, баъзан мардон намерасиданд ва занон маҷбур буданд, ки дар саф истода, силоҳ ба даст гиранд. Онҳо ҳатто маҳорати рондани мошинҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳоро аз худ карданд.Н

амоиш аз таърихи ҳақиқии  занони низомӣ нақл мекунад, ки ҳар кадоми онҳо тарсу ҳарос, ваҳшат ва харобиҳои ҷангро аз сар гузарондаанд.

Акс аз Театри давлатии драмаи русии ба номи В.Маяковский

Май 6, 2021 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад