Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ даври нахустини машваратҳои сиёсиро доир намуданд
ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 май нахустин даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар шакли видеоконференсия баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ Ид ас-Сақафӣ роҳбарӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ройзаниҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика ва гардишгарӣ баррасӣ шуда, дар ин замина зарурати таҳкими пояи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид. Гузашта аз ин, дар бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва масъалаҳои дигари минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар ҳамаи арсаҳо пайваста ва ҳадафмандона тавсеа ва таҳким меёбанд. Дар ин замина аҳамияти лоиҳаҳое, ки Бонки исломии рушд ва Сандуқи рушди саудӣ дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мекунанд, таъкид гардид.
Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ омодагию рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






