«ТУРНАҲОИ МУСОФИР». Таҳти ин унвон китоби нави адиб Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод ба нашр расид

Май 17, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Турнаҳои мусофир» -таҳти ин унвон Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» китоби адиб Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзодро  ба нашр расонид.

Маҷмӯа бо сабку нигориши хосса таълиф гардида, аз гулчини ҳикоёт, аз ҷумла «Сурат», «Фарёди сукут», «Найнавоз ва писарак», «Ашки паҳлавон», «Нишони тилло» ва ғайра иборат мебошад. Аз рӯи аксари ҳикояҳои ин китоб филмҳои мустанад ба навор гирифта шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки гулчини ҳикоёт ва публитсистикаи нависанда ба забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, форсӣ, беларусӣ, арабӣ, марӣ ва ӯзбекӣ ба нашр расидааст. Мавсуф намунаи осори адибони ҷаҳонӣ Лев Толстой, А.П. Чехов, шоҳи насри Гурҷистон- Михаил Мишевеладзе, В. Распутин, В. Шукшин, Ион Лука Караҷале, инчунин китоби барандаи Ҷоизаи ҷавонони Ҷумҳурии Мари-Эл Юрий Артамонов («Вкус земляники») «Шаҳди марминҷон»-ро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

Умед аст, ки китоби «Турнаҳои мусофир»-и нависанда Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод, ки барои дарёфти ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ пешниҳод шудааст, сазовор буда, аз ҷониби ҳакамон дастгирӣ меёбад.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод 19 сентябри соли 1957 таваллуд шудааст. Дастпарвари мактаби миёнаи рақами 6-и ноҳияи Восеъ буда, бахши журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм намудааст.

Мавсуф узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ, дорандаи Ҷоизаи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурӣ, Аълочии телевизион ва радио, Аълочии маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон мебошад.

Ӯ дар нашрияҳои «Газетаи муаллимон», «Роҳи ленинӣ», «Барои коммунизм», Ассотсиатсияи журналистони Тоҷикистон- «Килк», Дафтари матбуоти Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ҳоло муовини сардори Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Муаллифи 10 маҷмӯаи насрӣ, як силсила мақолоти публитсистӣ, филмҳои мустанади «Ғаввоси уқёнуси илм», «Гиряҳои хуршедӣ», «Ҳикмати гӯё», «Саричашма», «Писарак» ва  «Падар» мебошад. Публитсистикаи «Ҳадиси ватандорӣ» бо рамзи муҳаббати саршори ифтихормандӣ аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2014, ба 7 забон) ба табъ расида, ҳамзамон, аз ҷониби Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм ба забони модарӣ барои китобхонаҳои мактабҳои миёнаву олӣ тавсия шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хидматҳои бисёрсола ва бенуқсон дар соҳаи матбуоти тоҷик бо медали «Хизмати шоиста» қадр шудааст.

Май 17, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд