Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Петер Бурианро ба ҳузур пазируфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо перомуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Стратегияи нави ИА дар минтақа ва барномаҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Мусоҳибон густариши муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар қолабҳои Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ, муколамаҳои сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳуқуқи инсон муҳим хонданд.
Ҳамчунин дар мулоқот масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон ва хатари терроризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






