Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»-ро ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид, ки дар номинаи математика ходими калони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ Сулаймон Қурбонов, дар номинаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сармутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм Исломҷон Ниматов, дар номинаи физика ва астрономия аспиранти Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ Азмиддин Убайдов, дар номинаи ботаника, зоология, анатомия омӯзгори фанни биологияи Литсей барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон Меҳрубону Султонова ва дар номинаи химия роҳбари маҳфили «Химия»-и Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Амирҳамза Нозиров бо гирифтани холҳои бештар сазовори ҷойҳои якум ва роҳхат ба даври сеюми озмун гардиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун 11 нафар кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои тобеи он, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуданд.
Аъзои ҳакамон зикр намуданд, ки харчанд дар мамлакат соли аввал аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мешавад, таваҷҷуҳ ба он чун озмунҳои дигар бештар аст.
Озмуни мазкур бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»-солҳои 2020-2040 ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав баргузор карда мешавад.
АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ








Таърихи фарҳанги мусиқии тоҷикро аз деворнигораҳои асрҳои VI–VIII метавон мушоҳида кард
Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад
Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад






