Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»-ро ҷамъбаст намуд

Май 3, 2021 10:12

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид, ки дар номинаи математика ходими калони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ Сулаймон Қурбонов,  дар номинаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сармутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм Исломҷон Ниматов,  дар номинаи физика ва астрономия аспиранти Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ Азмиддин Убайдов, дар номинаи ботаника, зоология, анатомия омӯзгори фанни биологияи Литсей барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон Меҳрубону Султонова ва  дар номинаи химия роҳбари маҳфили «Химия»-и Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Амирҳамза Нозиров бо гирифтани холҳои бештар сазовори ҷойҳои якум ва роҳхат ба даври сеюми озмун гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун  11 нафар кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои тобеи он, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуданд.

Аъзои ҳакамон зикр намуданд, ки харчанд дар мамлакат соли аввал аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мешавад, таваҷҷуҳ ба он чун озмунҳои дигар бештар аст.

Озмуни мазкур бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола  бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»-солҳои 2020-2040 ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав баргузор карда мешавад.

АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Май 3, 2021 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад