ЗИЁДА АЗ МИЛЛИОН ОДАМ ДАР ТАМОМИ ҶАҲОН «ДИКТАНТИ ҒАЛАБА» НАВИШТАНД. Чорабинии байналмилалӣ дар Россия, Тоҷикистон ва боз дар 79 кишвари дигар баргузор шуд

Май 6, 2021 11:34

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар Тоҷикистон дар 6 нуқта- дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва вилояти Суғд «Диктанти Ғалаба» навиштанд. Нуқтаи асосии баргузор намудани чорабинии байналмилалии ватандӯстӣ Хонаи русӣ дар Душанбе гардид. Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Россия ба ин чорабинӣ пайвастанд.

Чорабинии байналмилалии таърихӣ дар мавзӯи воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, чун анъана, бо дастгирии Россотрудничество баргузор гардид. Соли равон ин чорабинӣ дар 81 кишвари ҷаҳон баргузор карда шуд. Бо назардошти хусусияти миқёси ҷуғрофӣ, «Россотрудничество» зикр кард, ки «шакли байналмилалии вазифаҳои тестӣ таҳия шудааст, ки ба якчанд гурӯҳҳои шартии мавзӯӣ  — «Америка», «Аврупо», «Осиё», «ИДМ» ҷудо карда шудаанд, инчунин шакли осони он барои хориҷиёне, ки забони русӣ меомӯзанд ва дузабонаҳо» омода шудааст.

«Тибқи анъана, диктант бо забони русӣ гузаронида мешавад, аммо имсол шаклҳои он бо забонҳои англисӣ ва чинӣ низ таҳия карда шуданд», — иброз доштанд дар агентӣ. — Вазифаҳо аз саволҳо дар бораи саҳми кишварҳои эътилофи зиддигитлерӣ, кумаки иттифоқчиён, ташкили кор дар ақибгоҳ, ҳаракати партизанӣ дар Ғалабаи умумӣ» иборат мебошанд.

Натиҷаҳои «Диктанти Ғалаба» то 24 июн ҷамъбаст карда мешаванд. Ғолибон ба Паради Ғалаба дар Майдони Сурхи Москва даъват карда мешаванд. Ва хатмкунандагони мактабҳое, ки ба ҳама 25 саволи тестӣ ба таври ҳузурӣ (дар шакли офлайн) дуруст ҷавоб медиҳанд, ҳангоми дохил шудан ба донишгоҳҳо холҳои иловагӣ мегиранд.

 

АКСҲО : rus-ksors.tj

Май 6, 2021 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид