Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқавории ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд

Июнь 16, 2021 17:27

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ аз 4 шуъба, аз қабили шуъбаи бактерологӣ, серология, фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ иборат мебошад. Ҳамаи утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо компютер ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст, ки ин омил дар оянда барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мутахассисони марказ мусоидат менамояд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ қариб 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд. Фармоишгари бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии ноҳияи Данғара Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.

Мувофиқи лоиҳа бинои нави Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқавории ноҳияи Данғара аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, бо тарҳи нав ва унсурҳои миллии муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз кормандони ин ниҳод дар ноҳияи Данғара дар бинои кӯҳна, ки ба талаботи замони моусир ҷавобгӯ набуд, фаъолият доштанд.

Бинои нав ва озмоишгоҳҳои замонавии он бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Мутахассисон бо истифода аз имкониятҳо саривақт ҳамагуна маводи хӯроквориро аз ташхис гузаронда, дар бораи таркиб ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ хулосаи дақиқ пешниҳод менамоянд.

Дар ошёнаи якуми бино маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва озмоишгоҳҳо, утоқҳои корӣ ва маъмурият, дар ошёнаи дуюму сеюм ва дар ошёнаи панҷум меҳмонхона барои қабули қариб 10 нафар ҷойгир мебошад.

Бинои марказ ду толори замонавии маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст мебошанд. Ошхона дар таҳхонаи бинои навбунёд ҷойгир буда, 50 ҷойи нишаст дорад.

Дар Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии ноҳияи Данғара бештар аз 50 нафар мутахассиси соҳибмаълумот фаъолият менамоянд ва бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ ва ҳифзи солимии шаҳрвандон ҳамарӯза таркиби маҳсулоти гуштӣ, ширӣ, меваю сабзавот ва хӯрокаро месанҷанд. Дар озмоишгоҳҳои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ ҳамзамон тухмиҳои зироати кишоварзӣ ва растаниҳо санҷида мешаванд.

Бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Ҳифзи солимии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмин кардани аҳолӣ бо ғизои хушсифат аз ҷиҳати экологӣ тоза дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт қонун ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидааст, ки яке аз онҳо “Барномаи бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023” ба ҳисоб меравад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ ба шароити муҳайё гардида дар бинои нав ва сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳангоми суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба таъмини амнияти озуқаворӣ, назорати доимӣ ва бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ, ки шарти муҳими солимии мардум ба ҳисоб меравад, ҷалб намуда, барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолият дар оянда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тибқи лоиҳа роҳравҳои атрофи бино дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ пурра сафолакпӯш гардида, ҳамзамон дар саҳни бино зиёда аз 3000 адад гулу буттаҳо ва бештар аз 100 бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонда шудааст.

Ифтитоҳи Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқавории ноҳияи Данғара 16.06.2021

Июнь 16, 2021 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғистон» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара Майнинг» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд