70 нафар прапоршикони ҷавон ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил гардиданд

Июнь 4, 2021 09:55

ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби омодакунии прапоршикҳои Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи 15-уми хатм бо иштироки масъулини ин ниҳоди қудратӣ, меҳмонон ва дигар шахсони расмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи ойинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ сурат гирифт.

Тавре сардори маркази матбуотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  полковник Фариддун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни баргузории чорабинӣ, нахуст аз ҷониби масъулини сохтори кадрӣ ва таълимоти ҳарбӣ фармоиши Вазири мудофиаи мамлакат дар хусуси ба вазифаҳо таъйин гардидани ин гурӯҳи хатмкунандагон қироат карда шуд. Дар ин зимн  хатмкунандагони 70 — нафараи Мактаби прапоршикон бо даъвати афсарони масъул ба назди ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ҳозир гардида, бо ба ҷо овардани тартиботи ойинномавӣ, шаҳодатномаи хатм, рутбаи ҳарбии прапоршик ва роҳхат барои пешбурди фаъолият дар қисму воҳидҳои ҳарбии тобеи Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.

Дар фарҷоми  чорабинӣ гузашти  низомии афсарону сарбозон аз назди минбар баргузор шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар тӯли шаш сол дар  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  пас аз ташкил ва оғози фаъолияти Мактаби омодакунии прапоршикони Қӯшунҳои хушкигард то имрӯз беш аз 1000 нафар бо шаҳодатномаи тахассусӣ ва ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки  тибқи тартиби мақарраргардида, ба курсҳои таълимии мактаби мазкур сарбозон, ки якуним сол хизмат намудаанд ва ё шаҳрвандоне, ки баъд аз анҷоми хизмати ҳарбӣ айни замон дар эҳтиёт қарор доранд, дар асоси шартномаҳои дуҷониба ҷалб ва ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 4, 2021 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид