70 нафар прапоршикони ҷавон ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби омодакунии прапоршикҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи 15-уми хатм бо иштироки масъулини ин ниҳоди қудратӣ, меҳмонон ва дигар шахсони расмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи ойинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ сурат гирифт.
Тавре сардори маркази матбуотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фариддун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни баргузории чорабинӣ, нахуст аз ҷониби масъулини сохтори кадрӣ ва таълимоти ҳарбӣ фармоиши Вазири мудофиаи мамлакат дар хусуси ба вазифаҳо таъйин гардидани ин гурӯҳи хатмкунандагон қироат карда шуд. Дар ин зимн хатмкунандагони 70 — нафараи Мактаби прапоршикон бо даъвати афсарони масъул ба назди ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ҳозир гардида, бо ба ҷо овардани тартиботи ойинномавӣ, шаҳодатномаи хатм, рутбаи ҳарбии прапоршик ва роҳхат барои пешбурди фаъолият дар қисму воҳидҳои ҳарбии тобеи Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ гузашти низомии афсарону сарбозон аз назди минбар баргузор шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар тӯли шаш сол дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз ташкил ва оғози фаъолияти Мактаби омодакунии прапоршикони Қӯшунҳои хушкигард то имрӯз беш аз 1000 нафар бо шаҳодатномаи тахассусӣ ва ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи тартиби мақарраргардида, ба курсҳои таълимии мактаби мазкур сарбозон, ки якуним сол хизмат намудаанд ва ё шаҳрвандоне, ки баъд аз анҷоми хизмати ҳарбӣ айни замон дар эҳтиёт қарор доранд, дар асоси шартномаҳои дуҷониба ҷалб ва ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд
Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд






