AЛФА, БЕТА, ГАММА … СУТ қарор кард, ки штаммҳои коронавирусро бо ҳарфҳои алифбои юнонӣ номгузорӣ кунад

Июнь 2, 2021 11:44

ДУШАНБЕ, 02.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO)  вариантҳои коронавирус- COVID-19 бо ҳарфҳои алифбои юнонӣ ифода карда мешаванд, то кишварҳое, ки бори аввал ин штаммҳо дар онҳо  пайдо шудаанд, табъиз нагарданд ва ҳамзамон талаффузи қулайи онҳо  дар суҳбати ғайриилмӣ имконпазир бошад,-хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «INTERFAX.RU».

Дар доираи низоми нав, штамми «бритониёӣ» -и коронавируси B.1.1.7 «Алфа», варианти B.1.351, ки бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ  ошкор шудааст  «Бета»  ва бразилиягӣ  P.1 — «Гамма» номгузорӣ хоҳанд шуд.  Ду зергурӯҳи штамми коронавируси «ҳиндӣ» — B.1.617.2 ва B.1.617.1 — мутаносибан «Делта» ва «Kaппа» номида хоҳанд шуд.  «Онҳо номҳои илмиро иваз намекунанд, балки  ба ҳайси кумаккунанда дар муҳокимаи умум эътироф гардидаанд»,-изҳор дошт табиб — эпидемиологи пешбари ТУТ Мария ван Керкхов.

Дар алифбои юнонӣ 24 ҳарф мавҷуд аст. Эпсилон, Зета, Эта, Тета ва Иота аллакай барои намояндагӣ кардани имконоти назоратшаванда интихоб карда шудаанд.

Соли гузашта ТУТ коронавируси навро расман SARS-CoV-2 ва беморони гирифторшударо  COVID-19 номид. Ҳамзамон созмон даъват кард, ки вирусро «чинӣ» нагӯянд, то табъиз нисбати кишварҳо ва одамони миллатҳои алоҳида пешгирӣ карда шавад. Аввали моҳи  равон  президенти ИМА Ҷо Байден қонунро бар зидди ҷинояткорӣ, ки маҳаки нафратро дорад ба имзо расонид, ки ба ҳимояи амрикоиҳои осиёӣ, ки дар давраи пандемияи COVID-19 аз афзоиши шадиди ҳамлаҳо азият кашидаанд, нигаронида шудааст.

Июнь 2, 2021 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид