Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи мусофири хатсайри «Хуҷанд-Иркутск» 180 адад тангаҳои қадима дарёфт ва мусодира гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан ҳангоми сафар кардан бо хатсайри «Хуҷанд-Иркутск» бо гумони кочоқ ва муомилоти ғайриқонунӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи номбурда 180 адад тангаҳои қадима дарёфт ва мусодира гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,
дар асоси хулосаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиккаҳои барои ташхис пешниҳодшуда дар ҳолати хуб қарор дошта, хусусияти барориши сиккаҳои сериявӣ мебошанд.
Ин сиккаҳо арзиши нумизматикиро доро буда, аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ доранд.
Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» интиқоли ғайрирасмии сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.
Дар кирдорҳои гумонбаршаванда аломатҳои таркиби ҷинояти моддаи 289-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
АКС: ВКД








Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад






