Ба ширкати россиягии «Нефтегаздиагностика» пешниҳод шуд, ки бо ҷониби Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис диҳад
ДУШАНБЕ, 04.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ширкати машҳури уралии «Нефтегаздиагностика» ташкили корхонаҳои муштарак бо ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ин масъаларо, 3 июн Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода ва Директори генералии ширкат Сергей Рибалко баррасӣ карданд.
Тавре Консулгарии генералии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, инчунин тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ин самт аз ҳисоби шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон, ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷараёни суҳбат роҳҳо ва шаклҳои ташкили ҳамкории босамари ин ширкати бонуфуз бо шарикони эҳтимолӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Дипломати тоҷик ба мусоҳибаш дар бораи иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории кишвар маълумот пешниҳод кард.
АКС аз Консулгарии генералии Тоҷикистон








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






