Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина «Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2021-2022» ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба дар шакли маҷозӣ сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазирон ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот «Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина барои солҳои 2021-2022» ба имзо расид.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






