БАРНОМАИ «ДАРМОН»-И РАДИОИ «ХОВАР»: Ораш Алоӣ дар мавзӯи бемории COVID-19 ва пешгирӣ аз хатари сироятёбии он тавсия медиҳад

Июнь 24, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бемории сироятии COVID-19 ва паёмадҳои хатарзои он ҳамоно яке аз масъалаҳои ташвишовар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳон боқӣ мемонад, зеро таҳлилҳо собит намудаанд, ки аз замони хуруҷи ин беморӣ то кунун соҳае нест, ки аз таъсири он зарар надида бошад. Коршиносони соҳа изҳор медоранд, ки  ҳаҷми хисороти расонидаи вируси мазкур  дар ҷаҳон  ба миллионҳо доллар баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба қавли баъзе аз табибон  бо гарм шудани ҳаво ин вирус қобилияти мутобиқшавии худро гум карда, маҳв мегардад. Аммо таҷриба баръакси ҳолро нишон медиҳад, зеро чанде пеш, аниқтараш 21 июни соли равон  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои гирифтор шудани шаҳрвандонро ба ин беморӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ расман тасдиқ намуд.

Дар ин баробар бо таъкиди баъзе фарзияҳо мавҷи дуюми COVID-19 дар худ нишонаҳои нав дорад. Ин фарзияҳо то куҷо дурустанд ва  гармии ҳаво то чӣ андоза ҷиҳати маҳви бемории мазкур таъсир мегузорад? Ҳамзамон ғайр аз риояи қойидаҳои беҳдоштӣ боз кадом роҳҳо вуҷуд доранд, ки шаҳрвандон тавонанд худро аз хатари гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин нигоҳ доранд?

Сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва омӯзиш дар ИМА Ораш Алоӣ дар барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» ба ин ва дигар саволҳои марбут ба бемории COVID-19 посух мегӯяд.

Шумо метавонед ин барномаро имрӯз, 24.06.2021 соати 09:30 (асл),  инчунин  такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода аз мавҷи Радиои «Ховар»      бишнавед.

Июнь 24, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад