БАРНОМАИ «САРВАТ»-И РАДИОИ «ХОВАР»: Тафсилотро доир ба мафҳуми «иқтисоди сабз» бишнавед!

Июнь 21, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 21.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Иқтисоди сабз» яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ, солҳои охир ибораи «иқтисоди сабз» вирди забони олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, иқтисод ва дигарон гардидааст.

Баробари рушди иқтисоди сабз тарафдорони он низ сол аз сол зиёд мегарданд, ки ҷомешиноси иртиҷоии амрикоӣ Мюррей Букчин, нависандаи канадагӣ-амрикоӣ Ҷейн Ҷекобс, иқтисоддони британӣ Эрнст Шумахер, биологи амрикоӣ Рейчел Карсон, профессори тиҷорат Дэвид Кортен, иқтисоддони экологии амрикоӣ Роберт Костанса ва дигарон аз аввалинҳо мебошанд. Ҷонибдорони иқтисоди сабз аз соли 2006 ин ҷониб маҷаллаи байналмилалиеро таҳти унвони «Иқтисоди сабз» нашр мекунанд ва ҳамзамон, Институти иқтисоди сабзро таъсис додаанд.  Дар баробари ин, мушкилоти мухталифи глобалии экологӣ, амнияти озуқаворӣ, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бо неруи барқ ва ғайраҳо тамоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳоро водор сохтааст, ки барои бартараф кардани ин масоил, коҳиш додани таъсироти манфӣ ба муҳити зист ва мутобиқ гардонидани шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба тағйирёбии глобалии иқлиму баландшавии ҳарорат ҳарчи зудтар ба модели нави иқтисодӣ рӯй оранд.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба мафҳуми «иқтисоди сабз» ҳамчун заминаи бунёдии рушди устувор соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”– и радиои “Ховар” бо иштироки муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ оид ба илм ва таълим Номвар Қурбон дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Июнь 21, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад