«БЕШАИ ПАЛАНГОН». Намояндагони ВАО-и мамлакат аз ин гӯшаи нодиру зебоманзари Тоҷикистон дидан намуданд

Июнь 2, 2021 10:29

ДУШАНБЕ, 02.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил кардани Мамнӯъгоҳи давлатии  табиии «Бешаи плангон» бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» беш аз 20 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки аъзои маҳфили рӯзноманигорони экологӣ мебошанд, аз мамнӯъгоҳи мазкур дидан намуданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА гузориш медиҳад.

Нахуст намояндагони ВАО осорхонаи мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»-ро, ки соли 2005 ташкил шудааст, тамошо намуданд. Ба экожурналистҳо директори осорхона Ҷалолиддин Муфарраҳов дар бораи экспонатҳое, ки дар осорхона нигоҳ дошта мешаванд- акс ва хӯсаҳои ҳайвоноту паррандаҳои мамнӯъгоҳ маълумот пешниҳод намуд. Сипас таҳти роҳбаладии муовини сардори «Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» Давлаталӣ Шарипов хабарнигорон ба минтақаи Парваришгоҳи паррандаҳои нодир — фазанария рафтанд.

Тавре корманди илмии мамнӯъгоҳ Толиб Салимов иброз дошт,  айни замон дар парваришгоҳ намудҳои тазарви тоҷикӣ, дуғдоғ ва кабк нигоҳубин  карда мешаванд. Ҳадафи ташкили парваришгоҳ зиёд намудани саршумори паррандаҳои нодир аст, зеро дар ин ҷо онҳо  ба парвариши махсус фаро гирифта шуда, боз ба табиат сар дода мешаванд. Толиб Салимов гуфт, ки айни замон дар парваришгоҳ 110 адад тазарв, аз ин 70 адад тазарви калон ва 40 адад чӯҷа парвариш ёфта истодааст ва 120 тухми тазарв хобонда шудааст. Аз рӯи мониторинги гузарондашуда дар ҳудуди мамнӯъгоҳ ҳоло тақрибан 2400-2500 адад тазарв мавҷуд аст. Инчунин мавсуф доир ба дигар паррандаи нодир -дуғдоғ маълумот дода гуфт, ки он  паррандаи мавсимии кӯчанда буда,  аз Арабистони Саудӣ оварда шудааст. Иқлими ҳудуди мамнӯъгоҳи  «Бешаи палангон» барои зисти ин намуди паррандаи нодир мувофиқ аст.

Ҳамзамон хабарнигорон аз як мавзеи хеле зебоманзар ва сарсабзи  мамнӯъгоҳ — «Дарёкӯл» дидан намуданд. Бино ба гуфтаи масъулин, «Дарёкӯл» дар масоҳати 94 гектар доман паҳн кардааст. Чуқурии кӯл аз 1 м то 5 метрро ташкил медиҳад. Муҳимияти ин кӯл дар он аст, ки барои 12 кӯли ҳудуди мамнӯъгоҳ сарчашма маҳсуб мешавад. Дар фасли сармо ба ин мавзеъ паррандаҳои мавсимӣ, намудҳои гуногуни мурғобиҳо ва паррандаҳои моҳихӯр парида меоянд ва зимистонро дар ин ҷо мегузаронанд. «Дарёкӯл» ном гирифтани кӯл дар он аст, ки шакли он  ба  мисли дарё тӯлонӣ аст.Оби «Дарёкӯл» каме шӯр буда, дар он ҳудуди  20 намуди моҳӣ  мавҷуд мебошад.

Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» нахустин мамнӯъгоҳи   табиии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо Қарори  Шӯрои Комиссариати  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон  4 ноябри соли  1938 бо мақсади ҳифзу  нигаҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу  ҳайвоноти гуногуни минтақаҳои  биёбону туғайзорҳои нодири туранга, газ, санҷид, каварак, эриапус ва дигар намудҳои гуногуни  хоси ландшафтҳои  экосистемаи табиӣ ва намудҳои ҳайвонотҳои гуногун, аз қабили гавазни бухороӣ, гурбаи қамишзор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, (уриал), ҷейрон (ғизол), саги обӣ, тазаври тоҷикӣ, ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва ғайра таъсис дода шудааст. «Бешаи палангон» ном гирифтани мамнӯъгоҳ ба он  далолат менамояд, ки қаблан ин ҷо макони зисти палангон буд. То солҳои 50-уми асри 20 «Бешаи палангон», хусусан макони сукуннати паланги тӯронӣ буда, соли 1954 паланги тӯронӣ аз ареал баромада, ба Афғонистон рафта,  баъдан маҳв гардидааст. Олимон яке аз омилҳои маҳв гардидани паланги тӯрониро дар таъсири антропогенӣ, яъне таъсири инсон ба табиат арзёбӣ менамоянд. Зеро то ҷое мусаллам аст,  дар он солҳо зимни  азхудкунии даҳҳо ҳазор гектар заминҳои водии Вахш барои кишти пахта ҷараён гирифт, инчунин дар ин минтақа дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ қисмҳои низомӣ мустақар гардида буданд. Дар мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»  18 намуди ҳайвонот  ва 15 намуди  набототи нодир ҳифз ва нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамчунин 20 намуди  моҳӣ, 30 намуди хазандаҳо, 34 намуди ширхӯрон, 2 намуди обхокиҳо, 150 намуди парранаҳо ва намудҳои сершумори  нодири бемӯҳрадорон сукуннат доранд.

Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»  дар қисмати ҷанубу ғарбӣ Тоҷикистон, дар минтақаи биёбони байни  дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон дар марзи Чумҳурии Исломии Афғонистон, дар саргаҳи  дарёи калонтарини Осиёи Марказӣ –Амударё дар масоҳати 49,7 ҳазор гектар доман густурдааст. Ҳудуди  мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» асосан дар қаламрави заминҳои ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон воқеъ гардидааст. Масоҳати беш аз 400 гектари мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»-ро  обанбор ва кӯлҳо ташкил медиҳанд. Дар мамнӯъгоҳ 20 кӯл мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо дорои  номи хоси табиӣ мебошанд. Инчунин дар кӯлу обанборҳои  мамнӯъгоҳ  20 намуди моҳӣ, аз қабили белмоҳӣ, сангмоҳӣ,  ғамбузия мавҷуд аст. Ҳамзамон дар кӯлҳои  мамнӯъгоҳ намуди моҳии релективӣ «белбинии Амударё» (лопатанос) низ  зиндагӣ менамояд.Мақсади  ташкили мамнӯъгоҳи  «Бешаи палангон» нигоҳ доштани як қисмати   ландшафти ҷуғрофӣ дар ҳолати табиӣ барои омӯзиши дарки  асрори табиат мебошад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои  асосии системаи  ҳудудии  муҳофизати табиат аз як тараф нигоҳдошти  генофонди набототу ҳайвонот бошад, аз дигар ҷониб  дар шароити мусоиди табиӣ омӯзиши ҷараёнҳои  микроэволюсионӣ дар популиятсияҳои  намудҳои  муҳиму хоси  набототу  ҳайвонот аст.

Мамнӯъгоҳи  «Бешаи палангон» яке аз минтақаҳои нодири  кураи  Замин  аст, ки миқдори  зиёди бешаҳои   туғайзорҳоро дар  минтақаи субтропикии хушк  нигоҳ медорад.  Майдони туғайзорҳо дар мамнӯъгоҳ  ба 24,1 ҳазор гектар баробар буда, қисми бештари он дар қисмат чапи дарёи Вахш  паҳн шудаанд. Растании туғай аз ҷиҳати шароити экологӣ, таркиби  флористӣ ва генезиси худ як намуд растание мебошад, ки  танҳо дар соҳили  дарёҳои минтақаҳои  биёбон ва нимбиёбони Осиёи Марказӣ мавҷуд буда, дар  ҷангалзорҳои  дигар минтақаҳои Палеарктикӣ  ҳамто надоранд. Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» охирин майдони туғайзор  дар  сайёра бо захираи  калонтарини  беназири  растании  туғай  (Topulus pruinosa Schank), ҷигда (Elaeagnus angustifolial), тамарикс (Tamarix Spp) ва дигар намудҳои туғайзор  ва  фауна мебошад.Ба ҳайвонҳои нодири дар мамнӯъгоҳ  маҳфузбуда, чунин намудҳои ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Байналмилалӣ ва Тоҷикистон  дохил карда шудаанд:  оҳуи бухороӣ, ки алҳол саршумораш дар мамнӯъгоҳ ба 300 сар расидааст , алҳол мавсими тӯлгирии оҳӯи бухороӣ мебошад. Ин ҳайвони нодир ҳар сол шохашро мепартояд боз аз нав мебарорад ва солашро аз шохаш ҳисоб мекунанд, яне агар панҷ рах дошта бошад, маълум мешавад, ки оҳӯ панҷсола аст. Инчунин  ғизол,  гиенаи рахдор, гурбаи ҷангалӣ,  муши обии форсӣ мебошанд. Аз паррандаҳои мамнӯъгоҳ, як зергуруҳи беназири  тазарв, тазарви  сиёҳу тиллоранги тоҷикӣ ҳифз мешаванд.  Дар фасли зимистон дар обанбору кӯлҳои мамнӯъгоҳ  бисёр  паррандаҳои обӣ ва наздик ба об, назири  лаклаки сафед ва сиёҳ, баклан, қоз, қӯ, мурғобиҳои маллард  ва лисухаҳо  меистанд. Қисме аз мурғобии маллард ва лисухаҳо барои лонасозӣ  мемонанд.

Олами набототи мамнӯъгоҳро беш аз 400 намуди растаниҳо муаррифӣ  мекунанд, ки дар байни онҳо  бисёр намудҳои доруворӣ, хӯроки чорво, ороишӣ, техникӣ ва растаниҳои  асалӣ мавҷуданд, ки барои хоҷагии халқ муҳиманд.

Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» як гӯшаи табиати зебои  Тоҷикистон  ва макони дорои сирру асрори  хоси табии бисёрасраи  эволюсионӣ буда, алоқаи  тарафайни  олами набототу ҳайвоноти  биёбони туғайзоррро дар экосистемаи табиӣ дар худ таҷассум менамояд. «Бешаи палангон» то ҳол ҳолати табиии худро  дигар накардааст ва дар қаламрави он  бисёр намудҳои нодири  набототу ҳайвонот ҳифз карда мешаванд.

Тавре муовини сардори  Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Давлаталӣ Шарифов мегӯяд:  «Бешаи палангон» мамнӯъгоҳест, ки чунин туғайзорро  дар шароити иқлими биёбони гарми тафсон ва хушкии идоманок  нигоҳ доштааст ва мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки  ин намудҳои нодири растанию олами ҳайвонотро ба насли оянда боқӣ гузорем.

Айни замон мамнӯъгоҳи  табиии давлатии «Бешаи палангон» дар радифи дигар ҳудудҳои  табиии махсус муҳофизатшаванда  дар тобеияти Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. 

Баъд аз тамошои дастаҷамъона аз мавзеъҳои мухталифи экосистемаҳои нимбиёбонӣ ва экосистемаҳои обӣ дар толори бинои маъмурии мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» барои  аъзои маҳфили экожурналистон дарси омӯзишӣ ташкил карда шуд.

          Ба рӯзноманигорон муовини сардори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда» Давлаталӣ Шарипов дар бораи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, нақши мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» дар ҳифзи гуногунии биологӣ маълумоти мукаммал дод. Инчунин ба рӯзноманигорон доир ба гузаронидани мониторинги олами ҳайвонот дар мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ва ифтитоҳи хатсайрҳои экологӣ  филмҳои мустанад намоиш дода шуд.

                               Марзия САИДЗОДА,
АМИТ  «Ховар»

                                           Душанбе — Дӯстӣ («Бешаи палангон»).

Июнь 2, 2021 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Тоҷикистону Покистон имкон доранд ҳамкории судмандро дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ густариш бахшанд
Дар доираи «Лоиҳа оид ба асосҳои рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид
Корхонаи «Сирдарё» дар як шабонарӯз то 5 ҳазор қуттӣ шарбату афшура омода мекунад
Дар Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ ба масъалаи бунёди неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид
Дар Тоҷикистон Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ оғоз гардид
Дар рӯзномаи арабии «Аш-Шарқ ал-Авсат» мусоҳибаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон нашр гардид
ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ИСЛОМОБОД. Нахустин парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» ба Покистон анҷом дода шуд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бо ноибони президентҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ мулоқот доир гардид
Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ Антонелла Бассани: «Дар самти таъмини оби нушокӣ хамкориро тақвият мебахшем»
Институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳамкории самаранокро бо Тоҷикистон идома медиҳанд
«CASA-1000». Вазири энергетикаи Тоҷикистон ва Губернатори Хайбар-Пахтунхваи Покистон ҳамкории энергетикиро дар доираи ин тарҳ баррасӣ намуданд
Ифтитоҳи намояндагиҳои бонкҳои Озарбойҷон дар Тоҷикистон дар мулоқоти роҳбарони бонкҳои марказии ҳар ду давлат баррасӣ шуд