Cуҳбати роҳбарони АМИТ «Ховар» ва АМИӮ «УзА» дар матбуоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бозтоби густурда пайдо кард
ДУШАНБЕ, 09.06.2021 / АМИТ «Ховар» /. Суҳбати роҳбарони АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ва АМИӮ «УзА» Абдусаид Кӯчимов, ки 5 июн дар сомонаҳои ин агентиҳои иттилоотӣ нашр шуд, дар матбуоти ду кишвар бозтоби густурда пайдо кард.
Тавре қаблан хабар додем, рӯзҳои 10-11 июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе сафари расмӣ анҷом медиҳад. Ин чорумин сафари сарвари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба ҳайси президент хоҳад буд. Бори охир Президенти Ӯзбекистон соли 2019 барои иштирок дар саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Душанбе ташриф оварда буд.
Дар арафаи сафари Президент Шавкат Мирзиёев, директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ва директори генералии Агентии миллии иттилооти Ӯзбекистон “УзА” Абдусаид Кӯчимов дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар суҳбат оростанд.
Ин суҳбат 5 июн ҳамзамон дар сомонаҳои ин ду агентии иттилоотӣ нашр шуда, дар матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври васеъ инъикос гардид. Дар давраи аз 5 то 9 июн онро дар Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Халқ овози», «Народная газета» ва дар Ӯзбекистон — рӯзномаҳои «Янги Узбекистон», «Овози тоҷик», «Правда Востока» ва «Ишонч» (Ishonch) бознашр намудаанд.











Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






