Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ» ҷамъбаст гардид

Июнь 25, 2021 10:25

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 24 июн дар майдончаҳои Федератсияи Футболи Тоҷикистон мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилоту муассисаҳои тобеи он ва ноҳияҳои пойтахт барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.

Дар вохӯриҳои ниҳоӣ дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе -2 бо дастаи  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  дар шаҳри Душанбе бо Шабакаҳои гармдиҳии шаҳри Душанбе бо ҳамдигар  бозӣ намуданд. Ҷои якумро дастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе-2  сазовор гардида,  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба гирифтани мақоми дуюм ноил шуда,  зинаи сеюм насиби дастаи Шабакаҳои гармдиҳии шаҳри Душанбе гардид.

 Тавре аз Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов ба  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар  доданд, дар ҷамъбасти мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Федератсияи Футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, муовини Раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Исо Бафоев, сардори Раёсати кор ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва Директори МД « Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ» — и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов иштирок доштанд.

Дар фарҷоми мусобиқа аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе ба ғолибони ҷои якум –Ҷоми шаҳрдорӣ, медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 13000 сомонӣ, мақоми  дуюм- медал, диплом, 12090 сомонӣ ва зинаи  сеюм- медал, диплом маблағ дар ҳаҷми 10350 сомонӣ тақдим карда шуд. Инчунин ба 5 нафар бозингарони беҳтарин мусобиқа 500 сомонӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар менамоем, ки мусобиқаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 29 май то 24 июни соли 2021 доир гардид. Дар мусобиқа 36 дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилоту муассисаҳои тобеи он ва ноҳияҳои пойтахт дар 6 гурӯҳ бозӣ намуданд.

Июнь 25, 2021 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад