Дар Душанбе дурнамои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Америка баррасӣ шуд

Июнь 22, 2021 08:55

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иҷрокунандаи вазифаи Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Дин Томсонро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ табодули назар карданд.

Ҳамсуҳбатон ба масъалаҳои таҳкими ҳифзи сарҳад, муборизаи муштарак бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ ва қочоқи маводди мухаддир таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Июнь 22, 2021 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид