Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

Июнь 2, 2021 08:35

ДУШАНБЕ, 02.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 1 июн беш аз 100 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон аз 13 минтақа, ба монанди Самарқанд, Сирдарё, Бухоро, Намангон,  Қароқалпоқистон,  Фарғона, Хоразм, Андиҷон, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Тошканд ва шаҳри Тошканд дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар  шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намуданд. Форуми мазкур дар доираи сафари расмии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Ба ҳайати Ӯзбекистон дар радифи соҳибкорон ҳамзамон  намояндагони ҳукуматҳои шаҳрҳо ва вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил буданд.

Ҷониби Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ беш аз 100 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва инчунин намояндагони вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ карданд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ҳайати Ӯзбекистонро самимона хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳи ҷониби ӯзбекистонӣ, ки ба таҳкими ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир мегардад, изҳори сипос намуд.

Ҷамшед Ҷумъахонзода  ҷониби Ӯзбекистонро дар масъалаҳои ташкили корхонаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллии Тоҷикистон ва бо назардошти бозорҳои ҳамсоякишвар ҳам бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон даъват намуда гуфт, ки бо фаъолияти Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шаванд, ки дар онҳо имтиёзҳо ва афзалиятҳои зиёд фароҳам оварда шудаанд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти тақвияти минбаъдаи робитаҳои тиҷоратии байни соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дар амиқтар намудани ҳамкории дуҷонибаи ду кишвари бародар, алалхусус дар давраи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, бинобар паҳн шудани пандемияи COVID-19 дар саросари ҷаҳон махсус таъкид намуд. Зикр шуд, ки аҳамияти баргузории мулоқоти корӣ дар формати B2B пеш аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад.

Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шаисматов таваҷҷуҳи соҳибкорони Ӯзбекистонро ба рушди ҳамкории дуҷониба бо соҳибкорони Тоҷикистон бо дарназардошти имкониятҳои мавҷудаи истифоданашудаи ҳарду кишвар дар афзоиши гардиши мутақобилан судманди иқтисодӣ байни ду кишвар ҷалб намуд.

Дар доираи Бизнес-форум  аз ҷониби Корхонаи Воҳиди Давлатии «Тоҷинвест» имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Доираҳои тиҷоратии ду кишвар имкониятҳои тавсеаи тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти гуногун ба бозорҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки сармояи хусусиро дар соҳаҳои хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, чарм ва пойафзол, саноати электротехникӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.

Мулоқоти доираҳои соҳибкории ду кишвари ҳамҷавор  бозгӯи таваҷҷуҳи доираҳои тиҷоратии ду давлат ба густариши тиҷорати мутақобилаи молҳо ва хидматҳо, ба роҳ мондани робитаҳои тиҷорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки  гуногуни тиҷорат, инчунин сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркард маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, истеҳсоли шароб, маҳсулоти хӯрокворӣ мебошанд.

    Аксҳо аз  Палатаи савдо ва саноати ҶТ

Июнь 2, 2021 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд