Дар Бадахшон Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами таъмини амнияти иттилоотӣ» доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Масъалаҳои мубрами таъмини амнияти иттилоотӣ» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва инчунин дигар мутахассисони соҳа иштирок намуда, паҳлӯҳои гуногуни таъмини амнияти иттилоотиро дар замони муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Тавре аз Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни конфронс зикр шуд, ки дар шароити мурракаби ҷаҳонишавӣ таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилии таъмини амнияти иттилоотӣ ташаккул ёфтааст.
Ба андешаи мутахассисон, гузариш ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва роҳандозии ҳуқумати электронӣ инчунин қадамҳои нахустин ба сўи иқтисоди рақамӣ, аҳамияти амнияти иттилоотиро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамчун масъалаҳои мубрам арзёбӣ менамояд.
Дар заминаи барнома ва стратегияи қабулкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти роҳандозии ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт, инчунин андешаҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мавриди таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати такмили минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва инфрасохтори амнияти иттилоотӣ муҳим шуморида шуд.
Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои ҳифзи техникии иттилоот ва таносуби таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии таъмини амнияти иттилоотӣ мавриди баррасии мутахассисон қарор гирифта, хулосаҳои илмию амалӣ пешниҳод гардид. Инчунин омода намудани кадрҳои баландихтисос тавассути роҳандозии курсҳои такмили ихтисос ва таъсиси ихтисосҳои муносиб дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат бояд баррасӣ гардад.










Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд






