Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба фазои маҷозӣ: имконият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоии интернет ба таври васеъ истифода мекунанд». Чунин зикр намуд, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ дар оғози ҷаласаи мизи гирд, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Фазои маҷозӣ: имкоият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ» доир гардид.
Тавре аз маркази матбуоти МТС назди Президенти ҶТ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва коршиносон ширкат намуданд.
Хуршед Зиёӣ зикр намуд, ки дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот, махсусан, дар фазои маҷозӣ, бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Чунки имрӯз бо рушди фаъоли интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро ба тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Ҳатто расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти фазои маҷозӣ дар замони муосир ба яке аз унсурҳои асосии таъмини амнияти миллӣ мубаддал гаштааст. «Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва ғаразнок аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, дастаҷамъона тадбирҳои самарабахш наандешему амалӣ насозем, метавонад барои амнияти миллии давлатамон хатар эҷод намояд», таъкид намуд Хуршед Зиёӣ.
Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Фазои маҷозӣ ва технологияҳои иттилоотию иртиботӣ – имкони нави таблиғоти интихоботӣ», «Тадбирҳои муассири пешгирӣ аз онлайн – экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ташаккули қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амнияти иттилоотӣ», «Роҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии пешгирии экстремизм дар фазои маҷозӣ», «Муноқишаҳои иттилоотӣ – таҳдид ба суботи миллату давлат», «Инъикоси масъалаи тундгароии динӣ дар фазои иттилоотӣ: вазъ ва паёмад», «Устура ва воқеияти таҳдиди фазои маҷозӣ ба амнияти миллӣ», «Амалинамоии принсипҳои давлати дунявӣ–заминаи мусоиди муқовимат бо таҳдидҳои динӣ ва фазои итилоотӣ» маърӯза намуда, оид ба муҳим будани мавзӯи мавриди назар дар замони муосир, тарбияи кадрҳои баландихтисос, мустаҳкам намудани базаи техникӣ, тақвияти қонунгузорӣ ва дигар паҳлӯҳои он пешниҳодҳои муассир ироа намуданд.
Бояд тазаккур дод ки баргузории ҳамоиш барои татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ дар самти амнияти фазои маҷозӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ дар кишварамон мусоидат менамояд.
Аксҳо аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ













80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






