Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба фазои маҷозӣ: имконият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ баррасӣ гардиданд

Июнь 8, 2021 15:58

ДУШАНБЕ, 08.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоии интернет ба таври  васеъ истифода мекунанд». Чунин зикр намуд, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед  Зиёӣ дар оғози ҷаласаи мизи гирд, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Фазои маҷозӣ: имкоият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ» доир гардид.

Тавре аз маркази матбуоти МТС назди Президенти ҶТ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва коршиносон ширкат намуданд.

Хуршед Зиёӣ зикр намуд, ки дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот, махсусан, дар фазои маҷозӣ, бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Чунки имрӯз бо рушди фаъоли интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро ба тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Ҳатто расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти фазои маҷозӣ дар замони муосир ба яке аз унсурҳои асосии таъмини амнияти миллӣ мубаддал гаштааст. «Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва ғаразнок аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, дастаҷамъона тадбирҳои самарабахш наандешему амалӣ насозем, метавонад барои амнияти миллии давлатамон хатар эҷод намояд», таъкид намуд Хуршед Зиёӣ.

Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Фазои маҷозӣ ва технологияҳои иттилоотию иртиботӣ – имкони нави таблиғоти интихоботӣ», «Тадбирҳои муассири пешгирӣ аз онлайн – экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ташаккули қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амнияти иттилоотӣ», «Роҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии пешгирии экстремизм дар фазои маҷозӣ», «Муноқишаҳои иттилоотӣ – таҳдид ба суботи миллату давлат», «Инъикоси масъалаи тундгароии динӣ дар фазои иттилоотӣ: вазъ ва паёмад», «Устура ва воқеияти таҳдиди фазои маҷозӣ ба амнияти миллӣ», «Амалинамоии принсипҳои давлати дунявӣ–заминаи мусоиди муқовимат бо таҳдидҳои динӣ ва фазои итилоотӣ» маърӯза намуда, оид ба муҳим будани мавзӯи мавриди назар дар замони  муосир, тарбияи кадрҳои баландихтисос, мустаҳкам намудани базаи техникӣ, тақвияти қонунгузорӣ ва дигар паҳлӯҳои он пешниҳодҳои муассир ироа намуданд.

Бояд тазаккур дод ки баргузории ҳамоиш барои татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ дар самти амнияти фазои маҷозӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ дар кишварамон мусоидат менамояд.

 Аксҳо аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  ҶТ

Июнь 8, 2021 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид