Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 25.06.201 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода бинои нави таълимӣ иборат аз маркази машваратии тестӣ, маркази ҳунаромӯзии истеҳсолӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд.
Дар ифтитоҳи бинои нав раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон ширкат намуданд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зикр кард, ки «дар партави сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати омӯзиши илму дониш дар кишвар ба толибилмон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон, аз худ намудани илму дониш, касбу ҳунар, навовариву ихтироъкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани давлату миллат вазифаи муқаддаси шумо-наслҳои замони истиқлолият мебошад».
«Эътимод дорам омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода сазовори боварии муҳтарам Пешвои миллат гардида, ба сатҳу сифати таълим бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, илмро ҳамчун пояи устувори давлат ва ҷомеа дониста, барои рушди пайвастаи он кӯшиш ба харҷ медиҳанд»,- изҳор дошт муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода .
Дар идома як зумра омӯзгорону донишҷӯён барои саҳми муносиб дар рушди соҳа ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи иҷроии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр сазовор гардиданд.
Дар қисми фарҳангӣ донишҷӯён бо шеъру таронаҳои ватанпарварона ба чорабинӣ ҳусни идона бахшиданд.
Боиси зикр аст, ки дар муассисаи мазкур дар баробари ба таълим фаро гирифтани донишҷӯён, инчунин ҷиҳати омӯзиши касбу ҳунар, алалхусус, дӯзандагӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудаст. Дар маркази ҳунаромӯзӣ хонандагон ва омӯзгорон ба дӯхти либоси мактабию корӣ машғул буда, донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷро бо либоси махсус пурра таъмин менамоянд, инчунин дигар муассисаҳои таълимиро метавонанд, бо либоси мактабӣ таъмин намояд.
Ҳамчунин бо ташаббуси роҳбарияти муассиса заминҳои ҳудуди муассиса аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён босамар истифода гардида, аз маҳсули он ошхонаи Коллеҷ бо як қатор маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда мешавад.










Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






