Дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон 5 сол пур мешавад

Июнь 1, 2021 10:53

ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар ҷаҳон 71-умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.  Ҳамзамон дар ин рӯз дар Тоҷикистон  5-солагии таъсиси  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар ин робита  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳад Содиқов суҳбат намуд.

Мавсуф зимни суҳбат иброз дошт, ки ҷиҳати тақвият додани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар мамлакат бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 ниҳоди алоҳидаи махсусгардонидашуда — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки имсол  аз фаъолияти он 5 сол сипарӣ мешавад.

-Соли равон 71 сол мешавад, ки ҳамасола дар ҳар як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ҷашн мегиранд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакон пайваста талош меварзад. Яке аз аввалин санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ба тасвиб расонида буд-ин Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳҳид «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» мебошад. Аз ҳамон сол то инҷониб Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба Кумитаи дахлдор СММ оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак гузориши миллӣ пешниҳод кардааст. Гузориши охирони Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2017 дар Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак мавриди баррасӣ қарор дода шуд,- гуфт ҳамсуҳбати мо дар идомаи суҳбат.

Аҳад Содиқов тазаккур дод, ки аз натиҷаи баррасии гузориши муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи мазкур аз ҷониби Кумита тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд ва ҷиҳати иҷрои самаранок тавсияҳои пешниҳодшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2018-2020 таҳия ва тасдиқ шуд. Имрӯзҳо амалисозии нақшаи миллии амалҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва албатта иҷрои ҳамаҷонибаи бандҳои нақшаи миллии мазкур ҷиҳати боз ҳам пеш бурдани ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ такони тоза мебахшад.

Ба андешаи сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  боиси қаноатмандӣ аст, ки ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар мамлакат иродаи баланди роҳбарияти олии кишвар, пеш аз ҳама  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вуҷуд дорад ва дар идома ӯ гуфт, ки  дар ин самт инчунин  пайваста иқдомҳои нав ба нав амалӣ карда мешаванд.

-Имрӯзҳо дар ҳар як вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ сохторҳои алоҳида оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шудааст. Зиёда аз ин дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид  ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, Комиссияҳои маҳаллӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти мазкур фаъолият мекунанд. Ҷиҳати  мустаҳкам кардани низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ҳанӯз  соли 2008 аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди алоҳида- мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мамлакат буд. Бо ташаббуси Ҷаноби олӣ соли 2009 ин мақомот таъсис дода шуд ва имрӯзҳо фаъолияти он мувафаққона идома дорад,- иброз дошт Аҳад Содиқов.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки умуман агар мо дар муқоиса бо дигар давлатҳои минтақа назар андозем, дар мамлакати мо ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ҳаматарафа ҳифз карда мешавад. Хусусан дар мавриди  омӯхтани илму дониш кӯдакони мо озод ҳастанд, масъалан таҳсили духтарон дар баробари писарбачагон ҳатмӣ мебошад, зеро духтарон генофонди миллат ҳастанд ва вақте ки духтар ба таҳсил фаро гирифта намешавад ӯ бесавод мемонад ва бесаводиаш ҷанбаҳои манфии зиёд дорад, яъне генофонди миллат вайрон мешавад.

Аҳад Содиқов таъкид кард, ки  Давлату Ҳукумати мамлакат тамоми нозукиҳоро ба назар гирифта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба тасвиб расонид, ки  бо шарофати он  фарзандони мо ба раванди таълим ҷалб карда шудаанд.

-Агар қаблан волидон фарзандонашонро ба мактаб роҳ намедоданд, ё дар иҷрои вазифаҳои худ хунукназарӣ мекарданд, ҳоло ҳама чиз ба куллӣ тағйир ёфтааст. Бепарвоӣ нисбат ба кӯдакон тибқи қонун муҷозот шудааст. Ин қонун дар мамлакати мо дар сатҳи зарурӣ амалӣ шуда истодааст ва натиҷаҳои мусбат медиҳад-иброз намуд сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳад Содиқов.

Хамсуҳбати мо изҳори хушнудӣ намуд, ки алакай аз ҷониби Ваколатдор амалисозии Стратегияи аввалин барои солҳои 2018 -2020 мувафаққона анҷом дода шуда, имрӯзҳо амалисозии Стратегия нави мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 -2025 идома дорад.

-Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин ки Стратегия мазкурро низ мувафаққона анҷом диҳанд,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Аҳад Содиқов.

Ёдовар мешавем, ки  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо қарори Анҷумани Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил гардида буд.

СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кард.

Ҳадафи асосии Рӯзи байналмилии ҳифзи кӯдакон ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти воқеии кӯдакон мебошад. Ҳамсола 1 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  Рӯзи ҳифзи кӯдакон таҷлил гардида, ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар мамлакат пайваста чораандешӣ карда мешавад.

Ногуфта намонад, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон парчами худашро дорад. Дар пасманзари сабз, ки рамзи рушд, ҳамоҳангӣ, тароват ва ҳосилхезиро нишон медиҳад, дар атрофи аломати Замин  шаклҳои услубии сурх, зард, кабуд, сафед ва сиёҳ ҷойгир карда шудааст. Ин шаклҳои одамон нишонаи  гуногунӣ ва таҳаммулпазириро мебошад. Рамзи Замин, ки дар марказ гузошта шудааст, аз хонаи умумии одамон дарак медиҳад. Ин шаҳодати он аст, ки одамон дар рӯи Замин дар фазои сулҳу субот ҳаёти осоишта ба сар бурда, фарзандони солимро барои ояндаи миллат дар рӯи ҷаҳон тарбия намоянд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонӣ

Июнь 1, 2021 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад