Дар шаҳраки қадимаи Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ якчанд ёдгории таърихӣ кашф гардид

Июнь 21, 2021 15:43

ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон зимни корҳои бостоншиносӣ  дар  шаҳраки қадимаи  Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ анбор ва ошхонаи ҳаффоришударо кашф намуданд, ки аз анбор ду адад хуми ҳаҷман калон барои нигаҳдорию захира намудани донагиҳо ва маводи ғизоии ба замони Кушониён тааллуқ дошта,  пайдо намуданд. Дар ҳудуи ошхона оташдонҳо кашф гардиданд, ки барои омода намудани ғизо мавриди истифода қарор мегирифтаанд.

Тавре  сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,   аз  макони зикргардида  сиккаҳои мисӣ ба даст  омадаанд, ки дар аверс (рӯй)-и онҳо нимрухи шоҳи Кушонӣ тасвир гардидааст. Инчунин бозёфти ороишоти аз гулмоҳии баҳрӣ омодагардида, аз ҳамкорӣ  ва тиҷорат миёни мардуми ин ҳудуд ва дигар минтақаҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Бостоншиносон дар яке аз биноҳои ин ёдгорӣ қубури сафолӣ бозёфт намудаанд, ки он аз мавҷудияти  низоми  обтаъминкунӣ дар ин шаҳр   дарак  медиҳад.

Ҳамчунин дар натиҷаи ин корҳои бостоншиносӣ ангуштарин, сӯзан, пайкон ва сарнайзаҳои биринҷӣ, буҷилҳо ва дигар ашёи ороишӣ бозёфт гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мушовирони илмӣ аз аввали моҳи июни соли равон дар шаҳри бостонии Сайёд корҳои бостоншиносиро оғоз намуда, аз ин макон як зумра  осори аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, бозёфт гардидаанд.

Корҳои бостоншиносӣ аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ин ёдгорӣ идома дошта, осори бозёфт гардида, барои возеҳу равшантар намудани паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардуми ин сарзамин мусоидат менамояд.

АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 21, 2021 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд