Дар Тоҷикистон беш аз 205 ҳазор нафар ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 28.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 27 июни соли равон дар Тоҷикистон 205 ҳазору 619 нафар ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 18 ҳазору 29 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз 24 июн маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории сирояти коронавирус миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт.
Мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар гирифтани ваксина бар зидди сирояти мазкур маънидод мекунанд.
Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ идома дорад.
Тавре шоми дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 24 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 11 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 27 июн дар кишвар 13439 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13263 нафар (98,9%) шифо ёфтаанд ва бар асари бемории мазкур 90 нафар фавтидаанд.
АКС аз маркази матбуоти Вазорати танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд






