Дар Тоҷикистон беш аз 205 ҳазор нафар ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд

Июнь 28, 2021 12:54

ДУШАНБЕ, 28.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 27 июни соли равон  дар Тоҷикистон 205 ҳазору 619 нафар ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 18 ҳазору 29 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз 24 июн маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории сирояти коронавирус миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт.

Мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар гирифтани ваксина бар зидди сирояти мазкур маънидод мекунанд.

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус  дар ҷумҳурӣ идома дорад.

Тавре шоми дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 24 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 11 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 27 июн дар кишвар 13439 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13263 нафар (98,9%) шифо ёфтаанд ва бар асари бемории мазкур 90 нафар фавтидаанд.

АКС аз маркази матбуоти Вазорати танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Июнь 28, 2021 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»