Дар Тошканд таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 июни 2021 дар Тошканд дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рӯзномаи ҷаласаи ШҲМ СҲШ тахминан 50 масъалаи марбут ба фаъолияти ҷории Созмонро дар бар гирифт. Ҳамоҳангсозони миллӣ ҷраёни омодагӣ ба ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ (Душанбе, 16-17 сентябри 2021), Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон), Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (Душанбе, 13-14 июли 2021), вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сиғаи Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон” (Душанбе, 14 июли 2021) ва дигар чорабиниҳои давраи раёсати Тоҷикистонро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи хос ба муҳтавои он чорабиниҳо зоҳир намуданд.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи ШҲМ СҲШ 17 июн дар Тошканд вохӯрии нахустини ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ бо намояндагони ваколатдори давлатҳои нозир (Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон) ва давлатҳои шарикони муколамавии СҲШ (Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка) доир гардид.
Зимни вохӯрӣ табодули афкор перомуни роҳҳои эҳтимолии зиёд намудани саҳми давлатҳои нозир ва шарикони муколамавӣ ба фаъолияти Созмон сурат гирифт.
ШҲМ ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти СҲШ-ро анҷом медиҳад.
Раёсати Тоҷикистон таҳти шиори “20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ” гузашта истодааст.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ










Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






