ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПӢ. Намояндагони ҷавонони Тоҷикистон аз Осорхонаи «Шӯҳрати олимпӣ» -и Душанбе боздид карданд

Июнь 23, 2021 11:57

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола  23 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил карда мешавад, ки ба ёдбуди эҳёи ҳаракати олимпӣ дар шакли кунунии он таъсис дода шудааст.

Идеяи таъсиси рӯзи махсуси ҷашнии ба ҳаракати олимпӣ дар саросари ҷаҳон бахшидашуда бори аввал дар иҷлосияи 41-уми Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ (КБО) дар Стокҳолм соли 1947  пешниҳод  шуда буд. Ва пас аз як сол, дар иҷлосияи 42-юми КБО дар Санкт Моритс, ин лоиҳа расман тасдиқ карда шуд.

Дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии олимпӣ ба таври васеъ таҷлил  карда мешавад. Ба муносибати ин рӯз аз 18 то 27 июн дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Дар доираи таҷлили ин сана, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон имрӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмӯъмин Раҳимов бо иштироки ҷавонон ва варзишгарон, собиқадорони соҳа ва устодони варзиш баргузории як қатор чорабиниҳои варзиширо ба нақша гирифтаанд.

Дар Донишкада мавод дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди Ҳаракати олимпии Тоҷикистон ва ҷаҳон» муаррифӣ карда мешавад.

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии олимпӣ дирӯз, 22 июн, зиёда аз 80 нафар намояндагони ҷавонони Тоҷикистон аз Осорхонаи «Шӯҳрати олимпӣ» дар шаҳри Душанбе боздид карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба соҳаи варзиш дар соли 2018, пас аз таъмир ва бозсозӣ бинои Кумитаи миллии олимпӣ ба истифода дода шуд. Дар ин чорабинӣ Президенти кишвар, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.

Бо мақсади муаррифии дастовардҳои варзишгарони кишвар, таърихи рушди варзиш дар давраи истиқлолият ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти варзишӣ дар ин ҷо Осорхонаи «Шӯҳрати Олимпӣ» таъсис дода шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи осорхона расман онро ифтитоҳ карданд.

Дар осорхона экспонатҳои дастовардҳои назарраси варзишгарони ватанӣ аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ, 29-умин солгарди таъсиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлоли  давлатӣ, ки дар мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун намоиш дода шудаанд, гузошта шудаанд. Экспонатҳои музей дар бораи дастовардҳои варзишгарони маъруфи Тоҷикистон, ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон Иброҳим Хасанов, Юрий ва Михаил Лобановҳо, Зебуннисо Рустамова, Андрей Абдувалиев ва дигарон нақл мекунанд.

Дар тӯли солҳои истиқлолияти кишвар шумораи иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров аввалин медали тиллоро дар гурзандозӣ ба даст овард. Дзюдочӣ Расул Боқиев ва муштзан Мавзуна Чориева сазовори ҷоизаҳои Бозиҳои олимпӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар тӯли 30 соли истиқлолият рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Дар тӯли ин солҳо тамоми шароитҳо барои таъмини хусусияти оммавии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи варзишгарони касбӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар ин давра варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ ширкат карда, зиёда аз 4000 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд афрохтаанд.

Имрӯз дар кишвар 10 000 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 120 варзишгоҳ, 6500 майдончаи варзишӣ, 1700 толори варзишӣ, 88 ҳавзи шиноварӣ, 800 маҷмааи варзишӣ ва дигар иншооти махсус мавҷуданд, сохтмони иншооти нави варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ, идома доранд.

Тавре Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр  карданд, мо бояд барои  таъмини хусусияти оммавии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар кишвар аҳамияти бештар диҳем, чунки варзиш ҳамчун сафири сулҳ, беҳтарин василаи муаррифии давлат ва миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Бинобар ин, дар идомаи ташаббуси роҳбарияти шаҳри Душанбе дар бораи бунёди майдончаҳои нави варзишӣ, Сарвари давлат ба роҳбарони вилоятҳо ва ноҳияҳо супориш доданд, ки то таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми қувваро барои сохтани иншооти варзишӣ, таъмини оммавияти варзиш, тарғиби  тарзи ҳаёт солим ва рушди соҳаи варзиш сафарбар кунанд.

«Бо ҳамин мақсад, бояд соҳибкорон ва тоҷирон ба сохтмони майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин ҷалб карда шаванд», — таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

                                                                АКСҲО: КМО  Тоҷикистон

Июнь 23, 2021 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Аз 10 то 14 май Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд