ИМРӮЗ -РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ САНОАТИ САБУК. Онҳо соли 2020 ба маблағи 3,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Июнь 13, 2021 08:42

ДУШАНБЕ, 13.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар  натиҷаи имтиёзҳои фароҳамгардида, корхонаҳои саноати сабуки кишвар дар соли  гузашта ба  маблағи 3,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи июн дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук таҷлил мегардад, ки имсол он ба 13 июн рост омадааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, таваҷҷуҳи  Ҳукумати  кишвар ба рушди соҳаи саноати сабук мунтазам  афзуда,  бо назардошти дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, муҳайё намудани шумораи зиёди ҷойҳои корӣ, бахусус барои занону духтарон ва имконияти васеи бо маҳсулоти тайёр таъмин кардани бозори дохилӣ  яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат маҳсуб мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» раванди амалигардонии ҳадафи саноатикунонии кишвар дар соҳа  татбиқ гардида, ба таъмини коркарди зиёдтари ашёи хом, аз ҷумла нахи пахта, пӯст ва пашм дар дохили кишвар, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои рушди соҳа дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба молҳои ниёзи мардум, афзун намудани иқтидори содиротӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо,  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи саноати сабук як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ фароҳам оварда шудааст.

Солҳои охир бо заҳматҳои аҳли меҳнати корхонаҳои соҳаи саноати сабук дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ ба даст омада, нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук тамоюли болоравӣ дорад.

Ҳамчунин соли гузашта вобаста ба талаботи бозор номгӯи маҳсулоти нави ивазкунандаи воридот,  аз қабили ниқоб, халати муҳофизатӣ ва докаи тиббӣ, сачоқчаҳо барои ҷарроҳӣ, инчунин дастпӯшакҳои корӣ роҳандозӣ гардид. Бо мақсади рушди устувори саноати сабуки кишвар, таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ, афзун намудани номгӯи маҳсулоти рақобатпазир ва баланд бардоштани иқтидори содироти маҳсулот Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо корхонаю соҳибкорони истеҳсолӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳои тадбирҳои зарурӣ меандешад, ки дар татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-саноатикунонии мамлакат нақши муассир мегузорад.

                                                                 Акс аз манбаи боз

Июнь 13, 2021 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»
Аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид шудааст
Кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 75 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид