ИМРӮЗ –РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ВЕЛОСИПЕД. Истифодаи он ба муҳити зист ва ҳифзи саломатии инсон мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Велосипед дар тӯли ду аср дар мамлакатҳои ҷаҳон истифода бурда мешавад ва яке аз намудҳои нақлиёти сайёр ва боэътимод буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Ҳамзамон истифодаи он ба муҳити зист ва ҳифзи саломатии инсон мусоидат мекунад. Аз ин рӯ соли 2018 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳҳид 3-юми июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии велосипед эълон намуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам шумораи дӯстдорони дучархаронӣ тадриҷан меафзояд, хусусан пас аз пандемия, зеро ҳамагон бар он назаранд, ки велоспорт-ин рӯ овардан ба тарзи ҳаёти солим аст. Ҳамзамон дар мамлакат доир ба дучархаронӣ марафонҳо ва мусобиқаҳо баргузор мегарданд. Ҳамаи инро ба назар гирифта бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи велосипедронӣ таъсис дода шуд.
Тавре аз Федератсияи мазкур ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, Федератсия 14 апрели соли 2010 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, ба фаъолият оғоз намуда, бо мактабҳои варзишии маҳорати олии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолияти мунтазами муштарак дошта, дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон филиалҳо дорад. Ҳамзамон мактабҳои варзишие ҳастанд, ки бо Федератсия ҳамкорӣ менамоянд ва варзиши велосипедронӣ таълим медиҳанд.
Зикр гардид, ки Федератсия имсол баргузории якчанд мусобиқаҳои велосипедронӣ ба нақша гирифтааст, аз ҷумла моҳи июн баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии велосипедронӣ дар Бохтар, моҳи июл баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии велосипедронӣ дар шоҳроҳ ва трек дар шаҳри Хуҷанд дар назар аст. Инчунин бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории Мусобиқаи ҷумҳуриявии велосипедронӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, мусобиқаи велосипедронӣ дар шоҳроҳи Хоруғ-Душанбе байни ҳамаи категорияҳо, Мусобиқаи ҷумҳуриявии велосипедронӣ дар шоҳроҳи вилояти Хатлон, мусобиқа барои Ҷоми Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Марафони дучархаронӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва даври интихобии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи шаҳри Тошканд ба нақша гирифта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар мамлакат аз ҷониби дигар сохторҳову идораҳо низ иқдом гирифта шудааст, ки тарзи ҳаёти солимро тарғиб кунанд. Аз ҷумла, тавре қаблан иттилоъ дода будем, 5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист марафони велосипедронӣ таҳти шиори «Велосипед барои табиат» баргузор мегардад ва яке аз ҳадафҳояш тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи муҳити зист аз олудагиҳои нақлиёт арзёбӣ гардида, муҳимияти истифодаи ин намуди нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозаро инъикос менамояд.
Ногуфта намонад, ки бетараф набудан ба саломатии худ одамонро натанҳо дар Аврупо, балки дар ИДМ низ водор кардааст, ки аз нақлиёти сайёр – дучарха ё худидоракунакҳои барқӣ истифода баранд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз бойгонӣ










Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд






