Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти тахассусии Форуми дипломатии Анталия иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 19.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Анталияи Туркия нахустин Форуми дипломатии Анталия дар мавзӯи «Дипломатияи навовар: даврони нав, равандҳои нав» ифтитоҳ гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.
Тавре АМИТ «Ховра» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, Форуми дипломатии Анталия 18-20 июни 2021 таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар баргузор мегардад.
Дар Форуми мазкур сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, собиқ роҳбарони давлатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.
Дар назар аст, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 19 июн дар нишасти тахассусии Форуми мазкур зери унвони «Ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё» иштирок ва суханронӣ намояд.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






