Иштирокдорони сеюмин Форуми занони СҲШ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз Қалъаи Ҳисор боздид намуданд

Июнь 11, 2021 16:49

ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар  додем, 10 июн дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 3-юмин Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва меҳмонони даъватшуда аз ҳисоби ходимони сиёсӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, соҳаи илм ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.   Имрӯз тибқи барномаи  Форуми  мазкур иштирокдорони он  аз ҷумҳуриҳои Ўзбекистон ва  Қирғизистон аз макони таърихии Тоҷикистон-Қалъаи Ҳисор боздид намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, меҳмонон нахуст Осорхонаи Қалъаи Ҳисорро тамошо карда,  бо фарҳанги қадимаи халқи тоҷик  аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.  Онҳо дар ин Осорхона  бо намунаи либосҳои мардонаву занонаи қадимаи миллати тоҷик, асбобҳои рӯзгор ва дигар маҳсули ҳунарҳои мардумӣ шинос шуда, зикр карданд, ки ин ёдгориҳо бозгӯи ба ҳам қаробат доштани урфу одат ва анъанаҳои миллатҳои дар Осиёи Миёна сукунатдошта мебошанд.

Зикр шуд, ки  миллати тоҷик дорои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, чеҳраҳои оламшумули он бо бозёфту осори нодири худ дар пешрафти маданияти халқҳои гуногуни дунё нақши муҳим бозидааст.

Ёдовар мешавем, ки Форуми нахустини занони Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии қувваҳои занон барои пешбурди рушди муштарак» аз 15 то 17 майи соли 2018 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардида буд.

Тавре сардори шӯъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Қумитаи кор бо занон ва оила Ҷавоҳир Акобирова дар суҳбат иброз намуд, дар 3-юмин Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай лоиаҳои Изҳороти муштараки иштирокчиёни ин чорабинӣ ва Нақшаи Амалиёт муҳокима ва омода гардид. Инчунин иштирокдорон барои ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ оид ба такмили механизми миллии пешрафтаи занон дар ҳар як кишвари узви Созмон оид ба рушди соҳибкории занон, афзоиши ҳиссаи занон дар шумораи роҳбарони корхонаҳо ва саҳҳомони ширкатҳои калон, оид ба коҳиш додани ҳама гуна навъи зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон дар оила ва ҷомеа тавсияҳо пешниҳод шуданд. Ҳамчунин оид ба баланд бардоштани ҳиссаи занон дар парлумонҳои кишварҳои аъзои (СҲШ), дар вазифаҳои вазирон, роҳбарикунанда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд низ тавсияҳо дода шуд, ки дар оянда ин ба манфиати кор хоҳад буд-афзуд ӯ.

Дар охир зимни чорабинии фарҳангӣ баргузоргардида, байни бонувони тоҷику ӯзбек ва қирғиз суҳбатҳои самимӣ, шеъру сурудхонӣ ва таманниёти нек барои дӯстию рафоқат, меҳанпарастию ҳуввияти миллӣ сурат гирифт.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2021 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд