Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ дар шакли маҷозӣ баргузор шуд

Июнь 14, 2021 08:58

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11-умин  Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки барои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ваколатдор шудаанд, дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар машварати мазкур роҳбарони мақомоти зидди маводи нашъаовари Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Покистон,  ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон Ӯзбекистон Қазоқистон, Федератсияи Россия ва муовини Котиби генералии СҲШ иштирок доштанд.

Дар оғози машварат бо сухани ифтитоҳӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовар, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода аз номи Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунанда дар СҲШ ва муовини Котиби генералии СҲШ баромад намуд.

Машварат дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардида, дар рафти он ҷонибҳо дар бораи вазъи нашъамандӣ дар кишварҳои худ корҳои анҷомдода, дурнамои рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва тадбирҳо оид ба таҳкими ҳамкории амалии зидди маводи нашъаовари кишварҳои узви СҲШ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин дар идомаи чорабинии мазкур ҷонибҳо лоиҳаи Нақшаи корӣ (2021-2023) оид ба татбиқи Барномаи амалҳо доир ба амалигардонии «Стратегияи зидди маводи нашъаовари давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 2018-2023»-ро маъқул дониста, ба баррасии ҷаласаи роҳбарони давлатҳои узви СҲШ, ки  16-17-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, пешниҳод намуданд. Қобили зикр аст, ки дар нақшаи масъалаи коркарди минбаъдаи таъсис додани  Маркази зидди маводи нашъаовари Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Дар хотимаи машварат ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

АКС: маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар

Июнь 14, 2021 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд