Moody’s ба Тоҷикистон рейтинги қарзии «B3»-ро бо дурнамои «устувор» сазовор донист

Июнь 29, 2021 11:57

ДУШАНБЕ, 29.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Агентии байналмилалии рейтингии «Moody’s Investors Service» (Moody’s) бори нахуст аз соли 2018 дурнамои рейтинги байналмилалии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз  дараҷаи «манфӣ» ба ҳолати «устувор» тағйир дод ва ба кишварамон рейтинги қарзии «B3»-ро бо дурнамои «устувор» сазовор донист. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Барои тағйир додани дурнамои рейтинг аз дараҷаи «манфӣ» ба «устувор» пешравии Тоҷикистон дар самти устувор намудани мавқеаш аз рӯи пардохтҳои беруна тайи соли охир асос ба шумор меравад, ки ин ба андозаи назаррас зиёд шудани захираҳои асъориро дар натиҷаи афзудани самаранокии идорасозии захираҳои байналмилалӣ бозгӯ менамояд. Дар натиҷа эҳтимолияти фишори зиёди хавфҳои берунии афзоянда ба профили қарзии Тоҷикистон низ камтар гардид.

Moody’s бар ин назар аст, ки ҳаҷми ин захираҳо дар сатҳи ҷорӣ боқӣ монда, барои саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои дарпешистода, аз рӯи пардохтҳои беруна кофӣ мебошад. Вобаста ба ин устувории кишвар дар баробари аксар фишорҳои беруна ва инчунин пардохтпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ хоҳад монд.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки ҳолати саросарии  пандемияи COVID-19 ҳамкории мутақобили Тоҷикистонро бо шарикони рушд суръат бахшида, ба такмили минбаъдаи асосҳои сиёсӣ ва ангезаи ислоҳот дар кишвар мусоидат менамояд.

Акс аз манбаъҳои боз

Июнь 29, 2021 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид